НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ «ХИРАДМАНДОН» - И ҲХДТ ДАР АМИТ
Санаи 2-юми феврали соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода И., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Н., президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва олимону ходимони илмии муассисаҳои илмии назди академия иштирок доштанд.