Ҷумъа, Феврал 11, 2022

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада иштирок карданд

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 02/11/2022 - 13:40

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд иштирок карда, аз намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳо ва тухмиҳои босифат боздид ба амал оварданд.