Боздид аз НОБ-и «Роғун»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 10/09/2023 - 20:12

Санаи 09 октябри соли 2023 дар доираи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2023 №132 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 9-10 августи соли 2023 баён доштанд, гурӯҳи калони ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки сараввал дар маҷлисгоҳи неругоҳ вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, ҳамзамон ходимони илмӣ бо Директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун» Хайрулло Сафарзода баргузор шуд. Дар рафти вохӯрӣ иброз гардид, ки «Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Сипас, Давронов Қурбонназар – муовини директори истеҳсолӣ, роҳбари гурӯҳи сафарбаркардашудаи намояндаи фармоишгар ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ-ро бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти бузурги аср, толори агрегатҳои нерӯгоҳ ва корҳои васлу насби он, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо, толори мошинҳо ва дигар мавзеъҳои НБО-и «Роғун» шинос намуданд.
Дар охири сафари корӣ аз ҷониби Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ба як гурӯҳи кормандони ҶСК НБО-и «Роғун» дастархон ороста шуда, барои фаъолияти назаррас ва саҳми муносиб дар сохтмони иншооти азими аср як зумра кормандону сохтмончиёни нерӯгоҳ бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ қадршиносӣ шуданд.
 

Меню: