АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/23/2026 - 15:50

Биё, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем, 
Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем. 
Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост, 
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем. 

 


Ҳамасола, яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Санаи 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии кишвар баргузор гардид, ки дар сар то сари Ватани азизамон - Тоҷикистон, ин сана чун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. 
Боиси хурсандист, ки имрӯз мо фарорасии 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаем. Ёдовар аз он мешавем, ки саҳми калони фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он мебошанд. Аз таъсисёбии Артиши миллӣ муддати зиёд сипарӣ нашуда, ба дӯши он якҷоя бо мақомоту сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим, яъне таъмин намудани субот ва амнияти кишвар вогузошта шуд. Моро лозим аст, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои афзудаистодаи терроризму экстремизм ба кишварҳо сухан ронда, дар чунин шароит ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеаро аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои низомӣ ва ҳар шаҳрванд медонанд, камари ҳиммат баста, дар ҷодаи амалишавии он гардем. Дар ҳақиқат, ҳифзи Ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад, ки мо бояд шукронаи истиқлолият кунему дар ободу гулгун гардонидани Ватани азизамон, фазои сулҳу субот ва оромиву осудаи кишвар ва халқи худ содиқона хизмат намоем. Имрӯз, мо бо ифтихор метавонем изҳор аз он намоем, ки дар зарфи 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд ва мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд. Зикр намудан ба маврид аст, ки нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос монда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои асосӣ ва муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад, ки тибқи он Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрвандро оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии онро муқаррар кардааст. Ҳар як ҷавон бояд бо хизмати содиқона ва мардонавор дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намояд, ки артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари суботу амнияти кишвар, тақдири миллат ва дастовардҳои Истиқлолу сулҳу ваҳдат аст. Ин хизмат мактаби шуҷоат ва ватандӯстӣ буда, амнияти давлатро таъмин мекунад. 

Мудири  шуъбаи  таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Раҳмон Юсуф Азим
 

Меню: