Санаи 22 октябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар доираи Нақша-чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки кормандони Институт мизи мудаввар дар мавзӯи “Ноҳиябандии инфрасохтори истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтори Институт доир ба ҳолати мавудаи рушд ва ҷойгиркунӣ, имкониятҳои ноҳиябандӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ ва муайянкунии сатҳи рушди ноҳияҳои инфрасохтори истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон, бо назардошти ноҳиябании соҳаҳои муҳими иқтисодӣ маърӯза намуданд.
Қайд гардид, ки соҳаҳои инфрасохтори истеҳсолӣ дар сарзамини Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Шуравӣ сохта шуданд. Таҳқиқи ҳолати мавҷудаи рушд ва ҷойгиркунии инфрасохтори истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон бо назардошти муҳити кӯҳсории мамалакат, ки нобаробарии ҷойгиршавии инфрасохтори истеҳсолӣ ҷой дорад ва мувофиқан бо сабаби нарасидани он бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолияти дигар соҳаҳои иқтисодиётро рушд дода наметавонанд.
Бинобар ин рушд ва ҷойгиршавии инфрасохтори истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ноҳиябандии инфрасохтори истеҳсолӣ ба ноҳияҳои гуногуни иқтисодӣ ҷудо мешаванд: Шимол ва Зарафшон дар вилояти Суғд, Ҳисор ва Рашт дар ноҳияҳои тобеи марказ, Вахш ва Кӯлоб дар вилояти Хатлон, дар вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон.
Ноҳияҳои инфрасохтори истеҳсолии мамлакат аз рӯйи сатҳи рушдёбӣ дар сохтори иқтиодии мамлакат ба ноҳияҳои рушдкарда, миёнарушдкарда ва суструшдкарда ҷудо мешаванд.
Ба ноҳияҳои рушдкарда дохил мешаванд: Шимол ва Ҳисор.
Ба ноҳияҳои миёнарушдкарда дохил мешаванд: Вахш ва Кӯлоб.
Ба ноҳияҳои суструшдкарда дохил мешаванд: Зарафшон, Рашт ва Бадахшон.
Вобаста ба рушди соҳаҳои инфрасохтори истеҳсолӣ сатҳи рушди умуман қувваҳои истеҳсолкунандаи ноҳияҳо дар як сатҳанд. Бо назардошти ин ноҳияҳо ба ноҳияҳои молбароранда ва молгиранда ҷудо мешаванд. Ноҳияҳои Шимол ва Ҳисор ноҳияҳои молбаранда мебошанд. Дигар ноҳияҳо молгиранда мебошанд. Масалан, аз ноҳияҳои Ҳисор ба ноҳияҳои молгиранда мол бурда, дар бозгашт автомашинаҳо аксаран бебор бармегарданд ва ё бо ҳаҷми ночизе дар бозгашт мол меоранд. Барои ҳамин коэфисиенти бозгашт байни Ҳисор ва Вахш – 0,010 ва байни Ҳисор ва Кӯлоб – 0,008 аст. Нисбати ноҳияҳои Зарафшон, Рашт ва Бадахшон коэфитсенти боз ҳам паст аст.
Инфрасохтри истеҳсолӣ барои рушди дигар соҳаҳо шароитҳои умумии зарурӣ месозад. Бинобар ин бо рушд додани инфрасохтори истеҳсолӣ соҳибкорони дигар соҳаҳо бояд ба рушд додани соҳаҳои худ ин имкониятҳоро самаранок истифода баранд.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()







Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.






