Рӯзи 29 декабри соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар соли 2023.
2. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024 «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0120ТJ01039, аз 18.03.2020).
3. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосир ва рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
4. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои соли 2024.
5. Рафти иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои сазовор ҷашн гирифтани 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шурои олимон аз 28.01.2022 (протоколи №1) тасдиқ карда шудааст.
6. Масъалаҳои ҷорӣ.