23 январи соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва бо иштироки кормандони ИИваД АМИТ вобаста ба омӯзишу баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 маҷлиси умумии кормандон баргузор гардид.
Дар ҷаласа ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Махкамов Б.Б. доир ба рафти кор оид ба натиҷаҳои рафти саноатикунонии босуръат дар мамлакат рӯйнамо (презентатсия) намуданд. Қайд гардид, ки бо кадом тарз мо метавонем рушди саноат дар кишвар, саноати металлҳои қиматбаҳо ва металлургияи ранга, саноати сабук, саноати фармасевтика, саноати масолеҳи бинокорӣ, кимиё ва электроэнегетикаро таъмин намоем.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа иқтибос аз Паём оварда шуд, ки чунин омадааст: «…..бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд». Дар ин радиф бо дарназардошти дигар самтҳои рушди саноат, «….Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022).
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |