Ваҳдати миллӣ- эҳёгари сулҳ

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 24 Июнь, 2022 - 16:32

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдат мафҳумҳое мебошанд, ки ҳамеша меҳровару дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ, оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум менамояд. Калимаи ваҳдат, яъне ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан ва ҳамдигарфаҳмиву поктинату миллатдӯст буданро нишон медиҳад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯи тоҷикон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Танҳо дар сурати ваҳдат ба даст овардан душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон бошад, ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Марбут ба мавзӯи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июни соли 2015 ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин гуфтаанд: «Аз Ватани аҷдодӣ ношукрӣ кардан гуноҳи азим аст, зеро ватандорӣ як гӯшаи имондорӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд ба қадри Ватан расем ва доим кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта ва сарсабзу хуррам гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».
Воқеан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз мисли гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ инъикос мегардад, ин аст нишонаи ваҳдату сулҳ ва оромии миллат…
Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошанд. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллӣ муттаҳид шавем, он гоҳ чун миллати ягона бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддину мутараққии ҷаҳон мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.
Вобаста ба ин падидаи муҳими таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем».
Ҳоло ки мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, бо арзи эҳтиром ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрику муборак гуфта, ба Шумо хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбии беназирро орзу менамоем. 
Иди Ваҳдати миллӣ муборак бошад!


Фирӯз Мирзоев – ходими хурди илмии
шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ 

Ҳусейн Аюбов – лаборанти калони 
шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ
 

Меню: