ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 01/28/2026 - 10:17

Санаи 28.01.2026, соати 11:00 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию таҳқиқотии бунёдӣ, анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва бартараф кардани омилҳои хусусияти коррупсионӣ дошта семинари омӯзишии ҷавонон баргузор гардид. 
Чорабинӣ бо ташаббуси Раиси Шурои олимони ҷавони Институт н.и.и. Сафаров А.М. ташкил гардида, дар кори он мудирони шуъбаҳо ва олимону муҳаққиқони соҳа мусоидат намуданд. 
Раиси Шурои олимони ҷавони Институт н.и.и. Сафаров А.М. роҷеъ ба масъалаи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такя карда, иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам амалӣ мегардад. Дар ин замина, аз ҷониби раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни баргузории силсилавохӯриву чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ин масъала ҷаласаву семинарҳо, вохӯриҳо баргузор мегардад. Таъкид намуд, ки ҷавонон имрӯз муваззаф ҳастанд, ки дар ҷодаи илм ва рушди он баҳри кам кардани чунин омилҳо тамоми чораҳоро андешанд. 
Баъдан, маърӯзаи ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ Мадаминзода Асрор дар мавзӯи “Механизмы повышения экономической устойчивости предприятий молочного подкомплекса АПК Таджикистана” шунида шуд. Иброз гардид, ки дар шароити муосир мавқеи муҳимро муаммоҳои баланд бардоштани устувории комплекси агросаноатӣ, бахусус корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мебозанд. 
Сипас, дар рафти чорабинии ҷавонон, мудири шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, д.и.и., профессор Мирсаидов Аврор Бобоевич фикру андешаҳои худро иброз намуда, зикр намуданд, ки пешбурди корҳои таҳқиқотӣ чун заминаи рушди илм баромад мекунад. 
Дар охир, семинари илмӣ-назариявии олимони ҷавон бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳот хотима бахшид. 

Меню: