Таърихи пайдоиши муҳоҷирати аҳолӣ аз рӯзи ба дунё омадани инсон оғоз меёбад ва он дар ҳамаи давру замон, то ин ки инсон дар сарзамину олами табиӣ вуҷуд дорад, ба амал меояд. Яъне, дар баробари мавҷудияти инсон дар ин дунё, ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ буд, ҳаст ва боқӣ мемонад ва он қонунияти худро дорад.
Бо фаро расидани ҳазорсолаи сеюм, муҳоҷирати байналхалқии аҳолӣ ба шакли глобалӣ мубаддал гаштааст ва бо боварии комил хулоса кардан мумкин аст, ки ба ин раванд ҳамаи кишварҳои ҷаҳони имруза фаро гирифта шудаанд. Мутобиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ба ҳолати соли 1960 дар дунё ҳамагӣ 75 миллион. нафар муҳоҷирони байналхалқӣ вуҷуд доштанд ва шумораи онҳо то соли 2000 хеле афзоиш ёфта, ба 214 миллион нафар расид. Баъдан, соли 2023 шумораи муҳоҷирони байналхалқӣ 281 миллион нафарро ташкил дод ва дар асоси пешбиниҳои коршиносони ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, то соли 2050 вобаста ба омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, демографӣ ва экологӣ, теъдоди муҳоҷирон дар дунё ба 405 миллион нафар хоҳад расид .
Вобаста ба ин, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сиёсати самараноки муҳоҷиратро интихоб мекунанд ва барои танзими давлатии равандҳои муҳоҷират, қонунгузориро дар ин самт такмил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз солҳои 90-уми асри гузашта, ҳангоми ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, бо ҳалли масъалаҳои муҳоҷират машғул мебошад. Дар он давра, бо сабаби муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ дар дохили мамлакат, равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ пуршиддат гардиданд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур донист, ки заминаи қонунгузории миллиро дар соҳаи муҳоҷират пурзур намояд.
Бо ин мақсад 8 октябри соли 1998 таҳти №411 Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои (шартҳои) сиёсати муҳоҷирати давлатӣ, ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати муҳоҷирати давлатӣ ва афзалиятҳои асосии он муайян карда шуданд . Иҷрои Консепсияи мазкур ба ҳифзи хусусиятҳои хоси халқи тоҷик, амнияти миллӣ, инчунин рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат намуд ва Тоҷикистон тавонист ба ҷанги гражданию муноқишаҳои дигари низомии дохилӣ хотима диҳад. Ба ғайр аз он, идораи раванди муҳоҷирати аҳолӣ то сатҳи давлатӣ баланд бардошта шуда, роҳҳои ҳалли душвориҳо дар ин самт бо татбиқи бевоситаи сиёсати давлатии муҳоҷират пайдо гардиданд.
Баъдан, 11 декабри соли 1999 таҳти №881 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул карда шуд, ки дар он танзими муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии равандҳои муҳоҷират, инчунин муҳайё сохтани шароити зарурии ҳаёт дар маҳалли нав барои ашхос ва оилаҳое, ки ба Ватани аҷдодии худ бармегарданд, пешбинӣ шудаанд. Бо сабаби он, ки Қонуни қабулшуда масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро дар бар намегирифт, соли 2002 ба он якчанд моддаҳои нав ворид карда шуданд ва он имконият дод, ки то дараҷае равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба танзим оварда шаванд.
Бо мақсади таъмини идоракунии давлатии равандҳои муҳоҷират, ҳимояи ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2001, №242 «Дар бораи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа» қабул карда шуд, ки он санади меъёрию ҳуқуқии асосӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, дар он заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, асоснокии муҳоҷирати меҳнатӣ, зарурати татбиқи сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, мақсадҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ муайян карда шудаанд .
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи кишвар, бевосита бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз якчанд қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд, аз ҷумла:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»,
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият”,
- Барномаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2003 – 2005 ва солҳои 2006 – 2010, ки мутаносибан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №480 ва аз 31 январи соли 2006, №61 тасдиқ карда шудааст;
- Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №460 тасдиқ карда шудааст ва дигарҳо.
Яке аз ҳуҷҷати нодире, ки тайи солҳои охир дар кишварамон дар самти муҳоҷират қабул карда шуд, ин Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040 мебошад, ки таҳияи он бо даъвати роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз тарафи олимону коршиносони шуъбаи таҳқиқотҳои демографии Институт анҷом дода шуд. Стратегияи зикргардида бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №309 тасдиқ гардид ва ҳангоми муаррифии он рузи 25 августи соли 2023 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе, котиби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Сафири Туркия дар Тоҷикистон таъкид карданд, ки ин гуна Стратегияи нодир дар сатҳи байналхалқӣ аввалин маротиба қабул карда шудааст. Зеро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки дар доираи як санади меъёрию ҳуқуқии миллӣ ҳамаи намудҳои муҳоҷиратро бо қонунияти ҳуқуқӣ дар бар мегирад ва ин гуна дастовард шаҳодати тадбирҳои Ҳукумати мамлакат оид ба ҳалли мушкилиҳои муҳоҷират дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2001 “Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаи онҳо” - ро эътироф кард ва дар асоси қоидаҳои санади мазкур Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналхалқии худро мисли дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик иҷро карда истодааст, ки чунин натиҷа аз худшиносии давлату миллат дар давраи истиқлолият шаҳодат медиҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои муҳоҷират дар доираи илми демография мавриди омузиш қарор дода мешаванд ва равандҳои он бевосита ба вазъи демографии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири худро дорад. Сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба таъмин кардани рушди давомнокии босифати умр, коҳиш додани сатҳи фавт, ташвиқ намудани хизматрасониҳо дар соҳаи саломатии репродуктивӣ, ҳифз кардан ва тақвият додани тандурустии аҳолӣ, танзим намудани муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ ва бар ин асос беҳтарсозии вазъи демографӣ дар кишвар равона шудааст. Тавассути Консепсияи рушди демографӣ қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки дар онҳо принсипҳо ва меъёрҳои маъмули қонуни байналмилалӣ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ муайян карда шудаанд.
Ҳамаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дарҷгардида ва ба ин монанд дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ, заминаи асосҳои қонунгузории миллӣ ва сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи ҳозираи истиқлолият муқаррар менамоянд.
Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографии Институти
иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Бобозода А.А.