Санаи 21 ноябри соли 2025 дар толори Шурои олимон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, мудирони шуъбаҳои илмӣ ва ходимони имлии муассиса ширкат доштанд.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон ҳайати устодону ходимони илмии Институтро ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуд.
Зикр гардид, ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик, ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари паррокандагии он ба ҳисоб меравад.
Парчами Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, қабул шуд ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод кардаанд ва имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст.
Парчами давлатӣ бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон пас аз ба Истиқлоли давлатӣ расидан Парчами худро дар соли 1992 қабул намуд.
Парчам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузург дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз кулли ҷавонон ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми хоса доранд.
«Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд»- қайд гадид дар баромад.
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.






