«Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихору шарафмандии мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештару хоса зоҳир менамоянд, соҳаи мазкурро тақдирсози миллат медонанд ва таъкид менамоянд, ки рушди бонизому пайвастаи мамлакат, қабл аз ҳама, ба вазъи соҳаи маориф ва фаъолияти кормандони ин соҳа марбут аст. Дар он давлати мутамаддину башарпарваре, ки ба соҳаҳои иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад, фардои ободу шукуфоии миллат дар назар аст. Феълан, соҳаи маориф мақоми баландеро дорост, зеро ба таъкиди аҳли хирад, маориф омили таъмини пойдории давлату миллат аст. Ҳар кишваре, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳу эътибори рӯзафзун дорад, бе шакку шубҳа ба пешравиҳову рушди мунтазам ва босамар ноил мегардад.
Президенти кишвари мо ҳангоми сафарҳои худ дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ҳатман аз муассисаҳои таҳсилотӣ дидан намуда, бо кормандони муассисаҳои мазкур суҳбатҳои ошкорову самимӣ меороянд, дастгириашон мекунанд ва дастурҳо медиҳанд. Бо ташаббуси Сардори давлат солҳои охир бунёди муассисаҳои таҳсилотӣ дар саросари ҷумҳурӣ бештар шудаанд ва таълимгоҳҳо бо ашёву таҷҳизоти муосир, яъне васоити техникӣ муҷаҳҳаз гардида истодаанд.
Суханони Пешвои миллат дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ аз он далолат мекунанд, ки Сарвари давлату миллат таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ доранд. Ҳамасола дар Паём нисбат ба аҳли маориф суханони самимию муассир садо медиҳанд. Паёми имсолаи Пешвои миллат низ, аз ин ҷиҳат истисно нест. Муҳтарам Президенти кишвар яке аз бахшҳои муҳими Паёмро ба таҳлилу баррасии вазъ ва сатҳи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ бахшида, бо таваҷҷуҳи хоса суханронӣ кардаанд. Суханронии Сарвари давлат дар Паёми имсола бо эътимоди воло ва бо меҳру муҳаббат ба халқу ояндаи он аз минбари баланд садо дод: “То вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Президенти ҷумҳурӣ таъкид бар он доштанд, ки ғамхорӣ ба соҳаи маориф ва кормандони он ғамхорӣ нисбат ба таъмини рушди неруи инсонӣ мебошад. Инчунин, бояд қайд намуд, ки ба андешаи Сарвари давлат ҳадафи асосӣ вобаста ба татбиќи тамоми ибтикору иқдомот дар соҳаи илму маориф, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии миллат, батадриҷ боло бурдани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Аз ин рӯ, барои амалӣ гаштани мақсаду мароми хирадмандонаву дурандешонаи Сарвари давлат ва давлату ҳукумат шароити мусоид муҳайё карда истодаанд. Барои тақвият бахшидан ба суханҳои болозикр аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурї» аз 28 декабри соли 2024 иқтибос меорам: «Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад».
«Соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023 беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».
Боиси шодмонист, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти муҳтарами кишварамон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Бо истифода аз имконоте, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсиониии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, торафт меафзояд.
Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад».
Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки ба андешаи Сарвари кишвар дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, мо, мутахассисони соҳаи илм ва маорифро мебояд баҳри ислоҳи нуктаҳои ишорашуда ҷидду ҷаҳд намоем.
Ҷидду ҷаҳд ва тамоми неруи зеҳнии аҳли маориф, чунон дар Паём таъкид шудааст, ба мутобиқати талаботи замонавӣ гардидани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас бояд равона карда шавад. Аз ин рӯ, мо муҳаққиқон, инчунин, омӯзгорон, бояд ба фаъолияти худ вусъат бахшида, аз усулҳои фаъолу пурсамари таълиму тарбия ва таҳқиқот истифода барем, инчунин, пайваста дониши сиёсии худро такмил диҳем. Воқеан, ҳарфу амалҳоямон ҳадафгиру муассир дар зери партави сиёсати хирадмандонаву созанда ва сазовори эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Ходими калони илмии шуъбаи
таҳқиқоти институтсионалии
Институти иқтисодиёт ва демографияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Гулчеҳраи Ёдгор