Рӯзи 28-уми феврали соли 2025 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Тағйирот ба қарори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 26 декабри соли 2022, №12 (Оид ба тасдиқи шуъбаҳои илмӣ ва интихоби мудирони шуъбаҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон).
2. Тағйирот ба қарори Маҷлиси умумии кормандони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2022, №12 (Оид ба интихоби аъзоёни Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон).
3. Дар бораи тасдиқ намудани роҳбари семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи ИИваД ва нақшаи кории он барои соли 2025: «Муаммоҳои актуалии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон»
4. Арзёбии фаъолияти Шурои диссертатсионӣ дар доираи талаботи Низомномаи Шурои диссертатсионӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «26» июни соли 2023, №295 тасдиқ шудааст
5. Ҳисоботи докторантон (PhD)-и соли сеюми таҳсили Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
6. Ҳисоботи Шурои олимони ҷавони ИИваД АМИТ оид ба фаъолият дар соли 2024
7. Тасдиқи мавзӯъҳои унвонҷӯёни соли аввали таҳсил дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
8. Масъалаҳои ҷорӣ