Рӯзи 31-уми январи соли 2025 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба тарғиб ва иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024
2. Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаҳо ва ходимони илмии Институт барои соли 2025
3. Оид ба ҷамъбасти мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии равандҳои демографӣ дар шароити рушди индустриаливу инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1117 аз 15.03.2021)
4. Тасдиқи мавзӯъҳои унвонҷӯён, докторантони (PhD) ва магистрантони соли аввали таҳсил дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
5. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, н.и.и. Қодиров Шодибег Шарифович барои дарёфти унвони илмии «дотсент»-ӣ аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт»
6. Дар бораи ба нашр тавсия намудани дастури таълимии мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, д.и.и. Каримова М.Т. «Основы экономического анализа»
7. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии Хушвахтзода Қ.Х., Асомуддини Р.К., Аҳмадзода Ф.М. дар мавзӯи «Такмили механизми экологӣ-иқтисодии идоракунии захираҳои заминҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Масъалаҳои ҷорӣ