Рӯзи 27-уми декабри соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ дар соли 2024
2. Оид ба ҷамъбасти мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024 «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0120ТJ01039, аз 18.03.2020)
3. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷират дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ барои соли 2025
5. Тасдиқи мавзӯъҳои унвонҷӯён ва докторантони (PhD)-и соли аввали таҳсил дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
6. Масъалаҳои ҷорӣ
Рӯнамои (презентатсия) мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ оид ба натиҷагирӣ аз сафари хориҷӣ ба кишвари Ҷопон дар мавзӯи «Бардоштҳои такмили ихтисос дар Ҷопон доир ба банақшагирии стратегии рушд»