Шӯрои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 06/30/2023 - 20:14

Рӯзи 30 июни соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои ИИваД ҷиҳати омодагӣ ба ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД дар нимсолаи якуми соли 2023
3. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои табъу нашри маҷаллаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон» дар соли 2022
4. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёти рақамӣ: тамоюлхо ва дурнамои рушд дар Тоҷикистон»
5. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик (аз давраҳои қадим то асри XXI)» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1112, аз 15.03.2021)
6. Тасдиқи мавзӯи илмии Post-докторант (хабилитат)-и соли якуми таҳсил
7. Оид ба қабул ва баррасии диссертатсияи докторанти Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ:
- Бобозода Комил Олимҷон дар мавзӯи «Ташкили фаъолияти истеҳсолии инфрасохтори нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (назария, методология, амалия)», мушовири илмӣ – д.и.и., профессор Рауфӣ А.
8. Оид ба қабул ва баррасии диссертатсияҳои унвонҷӯёни Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ: 
- Раҳмон Юсуф дар мавзӯи «Такмили механизми идоракунии комплекси авиатсионӣ дар шароити муосир», роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода
- Идиев Манучеҳр Хайридинович дар мавзӯи «Мукаммалгардонии технологияи иттилоотию таҳлили мониторинг дар системаи идоракунии корхонаҳои кишоварзӣ», роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
9. Масъалаҳои ҷорӣ
9.1. Гузаронидани мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисодиёти миллӣ»
9.2. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи коллективии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ «Состояние производственнной инфраструктуры Таджикистана»
 

Меню: