Шарҳу тавзеҳи мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини аҳли кишвар аз 9-уми марти соли 2024 ва эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 04/24/2024 - 14:28

Санаи 24-уми апрели соли 2024 ҷиҳати иҷрои банди 20-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2024 оид ба амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми марти соли 2024 ва  қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 01-уми апрели соли 2024, №37 дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АМИТ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 вохӯрии ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов З.А. баргузор гардид.
Вохӯрии мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода кушода, оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2023 роҷеъ ба эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва таҷлили 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, қайд гардид,  ки ҳар яки мо ходимони илмии Институт дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ вазифадор ҳастем, саҳми босазои худро гузорем.
Сипас, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич оид ба мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини аҳли кишвар аз 9-уми марти соли 2024 баромад намуданд. Дар рафти вохӯрӣ Давлатов З.А. оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин доир ба равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ, шаклгирии «сиёсати дугона» дар муносибат ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон манъшуда ва таъсиргузории онҳо ба фазои иттилоотии мо ба таври возеҳу равшан ибрози андеша намуд. Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд дар доираи муқаррароти Конститутсия, қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқуъ пайвандад. Зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватан, ҳифзи марзу бум, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки мо дар маҷмуи гуфтору рафтору кирдорамон некӯ нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар яки мост. 
Вохӯрии мазкур дар фазои муколамаи озод ва созанда баргузор гашт. 
 

Меню: