САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 03/04/2026 - 15:03

Санаи 4.03.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 баён намуданд, семинари навбатии илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии илмиро котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и. Обидова М.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки чорабинии имрӯза бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва масъалаҳои рақамикунонии иқтисодёт арзёбӣ гардид. 
Дар навбати худ, ходими пешбари илмии шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ, н.и.и. Довгялло Я. П. дар мавзӯи “Приоритетные направления развития цифровых технологий и искусственного интеллекта” маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни пешниҳоди маъруза таъкид гардид, ки дар Паёми навбатӣ рақамикунонии иқтисодиёт чун масъалаи меҳварӣ баромад намуд. Иброз карда шуд, ки рақамикунонии иқтисодиёт зимни татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаҳои калидии иқтисодиёт афзалият дорад. 
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид. 

Меню: