САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ИЛМИ ВАТАНӢ, ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 12/14/2024 - 14:33

Санаи 14-уми декабри соли равон Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши илмиро таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор намуд, ки дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур, инчунин директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иштирок ва дар мавзўи «Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ омили муҳимми рушди босуботи иқтисоди миллӣ» маърӯзаи илмӣ-таҳлилӣ намуда, доир ба рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, буҷаи давлатӣ, роҳҳои боз ҳам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ суханронӣ намуда, бо мисолҳои мушаххас аз дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Дар хотимаи ҳамоиш музокирачиён фикру андеша ва пешниҳодҳояшонро, ки бевосита ба таҳкими ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ мусоидат менамоянд, баён намуданд.
 

Меню: