Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фархунда бод!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 05/23/2022 - 18:38

Хурӯши мавҷи дарёӣ, ҷавонӣ
Шукуфтанҳои дилҳоӣ, ҷавонӣ!

       Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, неруи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар қадрдонӣ шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомӯзиву донишазхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии кишвар 22-юми декабри соли 2016 ба масъалаи саҳм ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи кунунии Тоҷикикстон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардум гарм пазироӣ шуда, ҳамовозии кулли сокинони кишварро пайдо кард.
        Аз соли 2017 инҷониб дар кишвар 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба таври расмӣ қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хоса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатдориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
        Ҷавонони давраи муосир дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони азиз азму ирода ва кӯшишу талошҳои роҳбарияти ҷумҳуриро дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвар, мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда истодаанд. Хушбахтона, имрӯз ҷавонон чун номбардорони насли ҷасуру ватанхоҳ парчами дар роҳи истиқлолият афрӯхтаи падаронро бо садоқату мардонагӣ чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ мекунанд. Чунин ҷасорату мардонагии насли ҷавони даврони истиқлолият далели барҷастаи ваҳдату ягонагӣ буда, ҳифзу ҳуввият ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз беш аз 186 ҳазор нафар ҷавонон дар риштаҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон умеди калон доранд, зеро эътибор, нуфуз ва рушду нумуи минбаъдаи кишвар аз онҳо вобаста аст.
        Имрӯз ҷавонони тоҷик аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техникии давлатҳои пешрафта, ба вижа, технологияи муосири коммуникатсионӣ, нанотехнология ва амсоли ин истиқбол менамоянд ва мекӯшанд, ки ҳарчӣ бештар аз дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор ва худ низ дар ин ҷараён саҳмгузор бошанд.
Воқеан,  ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист. Умри инсон чанд марҳила дорад ва дар байни ин марҳилаҳо зеботарину дилнишинтаринаш фасли ҷавонист. Зеро дар ин фасл шахс солиму неруманд ва барнодилу болидарӯҳ аст. Оре, ҷавонӣ ишқу орзуи нотакрор ва лаҳзаи беҳтарини зиндагист.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рӯйи кор гирифтааст. Пас, мо,ҷавононро мебояд, роҳи донишомӯзиро интихоб намуда, илм омӯзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем.
Мо, ҷавонон, минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорӣ барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, ҳамчунин, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузорем.
Ид муборак ҷавонони ватандӯст!

Раиси Шурои олимони 
ҷавони ИИваД АМИТ, н.и.и.
Шералиев А.А.
 

Меню: