Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", ки 28 декабри соли 2024 арзёбӣ гардид, барои мардуми тоҷик яке аз рӯйдодҳои муҳим гардид. Ин эътимоди баланд шаҳодати он аст, ки Пешвои муаззами миллат умеду ташвишҳои халқи худро амиқ дарк ва эҳсос мекунанд.
Ба назари мо, дар ин раванд, вазифаи муҳимтарини баланд бардоштани рӯҳияи мардум, ба қувват ва имкониятҳои онҳо эътимод бахшидан, инчунин ҳавасмандгардонии амалҳои фаъол барои эҷоди ояндаи дурахшон заминаи устувор гузошта шуд. Ҳамзамон, суханронии илҳомбахши Пешвои муаззами миллат ҳиссиёти ватандӯстона ва ифтихори миллии мардуми тоҷикро, ки аҳамияти таърихӣ ва нақши худро дар раванди рушди мамлакат амиқтар дарк намуданд, тақвият бахшид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум дар бораи муваффақиятҳои дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа — сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст овардашуда ба таври возеҳ ва ошкоро иттилоъ доданд. Ӯ рақамҳои омориёро қайд карда гузаштанд, ки дастоварду афзоиши муваффақиятҳоро дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бараъло нишон медиҳанд. Дар муроҷиати худ Сарвари давлат ба муваффақиятҳои назаррас дар иқтисодиёти кишвар диққати махсус доданд. Аз ҷумла, соли 2024 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД) аз 150 миллиард сомонӣ зиёд гардида, суръати воқеии афзоиш 8,4 фоизро ташкил дод. Ин натиҷаҳо тавассути татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа нигаронида шудаанд, ба даст оварда шуданд. Даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонӣ дар соли 2019 то 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 афзоиш ёфта, аз беҳбудии назарраси шароити зиндагии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар барои назорати таваррум пайваста фаъолона кор мебарад, ки дар соли 2024 ин нишондиҳанда 3,6% - ро ташкил дод.
Дар панҷ соли охир бисёр ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки ба паст шудани сатҳи бекорӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагӣ мусоидат намуд. Инчунин, дар ин муддат, музди меҳнат ва нафақа нисбат ба сатҳи таваррум тезтар афзоиш ёфта, ба некӯаҳволии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонд.
Ҳамзамон, Президенти кишвар зикр намуданд, ки дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои бунёду ободонии иншооти иҷтимоӣ беш аз 20 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Дар давоми се сол зиёда аз 1500 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои томактабӣ ва миёна сохта ба истифода дода шудаанд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, 660 иншоот ба истифода дода шуд, ки дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои тиббӣ хеле беҳтар намуд. Инчунин, объектҳои варзишӣ ва фарҳангӣ сохта шуданд, ки ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва санъат мусоидат мекунанд. Қисми муҳими Паём дар ин бахш аз он иборат мебошад, ки аз ҷониби Президент ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2026-2030 таҳия намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, дар бораи афзоиши назарраси музди меҳнат ва нафақа қайд намуданд. Масалан, аз аввали соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз ва маоши кормандони соҳаи буҷет низ 40 фоиз зиёд гардид.
Ин чораҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва коҳиши камбизоатӣ мусоидат намуданд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода таъкид намуданд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд ва барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҳар сол маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ меафзояд. Дар соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба буҷети соли 2023 ду (2) миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи ҳаҷми умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар ин замина, Ҳукумати кишвар мунтазам барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендия, инчунин афзоиши даромади пулии аҳолӣ чораҳо меандешад.
Аз 1 сентябри соли 2025 афзоиши маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти ёмиёнаи умумӣ 30 фоиз, кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз, инчунин баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳадди ақалли музди меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад. Илова бар ин, аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо мутобиқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" 10 фоиз индексатсия карда мешаванд.
Дар баробари ин, Президенти кишвар камбудиҳои мавҷударо ошкоро муҳокима намуда, роҳҳои мушаххаси рафъи онҳоро пешниҳод намуданд. Бузургии Сарвари давлат дар он зоҳир мешавад, ки ӯ ба роҳбарони воҳидҳои гуногун муроҷиат намуда, камбудиҳои онҳоро ошкоро нишон медиҳад ва ислоҳоти онҳоро талаб менамояд, ки ин иқдом эътимоди мардумро боз ҳам қавитар намуд, зеро ӯ аз номи халқи худ ба намояндагони ҳокимияти иҷроия муроҷиат намуд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат самтҳои асосии кори ҳукуматро муайян намуда, ба татбиқи самараноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳамагонро даъват намуд. Ӯ ба зарурати пешрафт дар соҳаҳои калидӣ, ба монанди кишоварзӣ, иқтисод, саноат, энергетика, соҳибкорӣ, илм ва фарҳанг диққати махсус дод. Инчунин, афзалиятҳои нав барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 муайян карда шуданд, ки дар байни онҳо ба рушди системаи маориф ва баланд бардоштани сифати он диққати махсус дода шудааст.
Инчунин, Президент қайд намуданд, ки ҳукумат барои беҳтар кардани инфрасохтори таълимӣ дар шароити афзоиши аҳолӣ фаъолона корҳои зиёдеро мебарад ва аз ҷумла, ба норасоии шадиди ҷойҳои мактабӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки кишвар барои хонандагон беш аз 100 ҳазор ҷойҳои иловагӣ ниёз дорад. Айни замон дар Тоҷикистон 4037 мактаб фаъолият дорад, ки 3670-тои он дар сӣ соли охир сохта шуда, дар онҳо 2,3 миллион нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Сарвари давлат бори дигар аҳамияти таълиму тарбияи ҷавононро ҳамчун асоси шукуфоии миллат таъкид намуданд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Дар ин раванд дар панҷ соли оянда сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ ва мактабӣ, инчунин татбиқи барномаҳои тайёр кардани мутахассисон барои иқтисоди рақамӣ ва ҳамгироии технологияҳои муосир ба раванди таълим ба нақша гирифта шудааст. Ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз хурдӣ диққати махсус дода мешавад.
Яке аз нуқтаҳои асосӣ дар суханронии Президент он буд, ки Президент давраи солҳои 2025-2030-ро "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон намуда, аҳамияти рақамисозиро дар шароити имрӯза барои баланд бардоштани шаффофияти равандҳои молиявию иқтисодӣ таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки айни замон "Тоҷикистон дар роҳи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба хотири таъмини шаффофияти муносибатҳои молиявию иқтисодӣ қадамҳои устувор мегузорад".
Аз ин лиҳоз, дар 5 соли оянда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа додан лозим аст:
Аввал, такмили фаврии асосҳои ҳуқуқӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, рушди инфрасохтори рақамӣ ба шабакаҳои 5G, рушди маркази таҳияи маълумот, ташкили платформаи мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили платформаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ тавассути омӯзиш ва тахассуси кадрҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар ҷараёни пешниҳоди хидматҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмини киберамнияти платформаҳои иттилоотӣ.
Ҳафтум, ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди тиҷорати электронӣ.
Бо ин мақсад, ба Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки Миллӣ, хадамоти алоқа, Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, дигар вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки таъсиси асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории сохторҳои рақамии иқтисодиро таъмин намуда, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электрониро ба роҳ монанд.
Инчунин, ба Вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали таҳкими робитаи инноватсия бо истеҳсолот ба Ҳукумати мамлакат ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқиро пешниҳод намоянд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар системаи таълимии муассисаҳо тамоми зинаҳои таълими касбӣ бояд раванди тайёр кардани барномасозон ва дигар мутахассисоне, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ заруранд, тақвият дода шавад.
Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ин раванд фароҳам овардани шароити беҳтарин барои тайёр кардани кадрҳо, пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва такмили ихтисос дар муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти хориҷӣ муҳим ҳисобида мешавад.
Дар ин раванд, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Институти технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад ва таъкид намуданд, ки ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисон дар ин самт дода шавад ва дар баробари ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат факултету кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Дар хотима ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар давоми 4 моҳ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар робита ба ин, афзоиши рақобатпазирӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои нав, лоиҳаҳои инноватсионӣ, такмили низоми соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисоди рақамӣ дар истеҳсоли ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд қайд намуд ки «иқтисоди рақамӣ» дар шакли паҳнкунии васеъ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ амал мекунад ва ба дониш ва навоварӣ асос ёфтааст. Аз ин лиҳоз, фазои асосӣ ва пойгоҳи асосӣ ва қаламрави фаъолияти «иқтисоди рақамӣ» ин «Интернет» ҳамчун шабакаи Ҷаҳонӣ мебошад.
Аз назар дур нест, ки дар ин самт бо супориши Сарвари давлат Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (30.12.2019) таҳия гардида, гузариши тадриҷӣ ва марҳилавӣ ба татбиқи биниши дигаргунсозии рақамиро дар ҷумҳурӣ пешбинӣ менамояд. Ҳадафи Консепсия фароҳам овардани шароитест, ки ба дигаргунсозии соҳаҳои фаъолияти инсон таҳти таъсири технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла рушди ҷомеаи иттилоотӣ, гузариш ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва ҳукумати рақамӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ва дар натиҷа суръат бахшидани рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии ҷумҳурӣ, афзоиши иловагии ММД-и миллӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ дар давраи миенамӯҳлат то соли 2040, инчунин фароҳам овардани шароит барои гузариши марҳилавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба траекторияи принципиалии нави рушд, ки таъсиси иқтисодиёти рақамии ояндаро таъмин менамояд. Дар аввал се марҳила то соли 2040 ба нақша гирифта шудааст:
- Марҳилаи аввал то соли 2025
- Марҳилаи дуюм то соли 2030
- Марҳилаи сеюм то соли 2040.
Ҳамаи марҳилаҳои татбиқи табдили рақамӣ низ дар доираи лоиҳаи DIGITAL CASA амалӣ карда мешаванд.
Тибқи Консепсия, то охири соли 2040 гирифтани дивидендҳои назарраси рақамӣ аз татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз ҷумла афзоиши иловагии ММД аз 1,5 то 2 фоиз, таъсиси то 0,5 миллион ҷойи нави корӣ ва болоравии сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби дигаргунсозии назарраси соҳаи хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили қайд аст, ки 25 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бори аввал Форуми байналмилалии «Тоҷикистони Рақамӣ» бо иштироки беш аз 1000 намояндаи ширкатҳои бонуфуз, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Мақсади Форум пешниҳоди имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмилалии марбут ба рушди саноати рақамӣ ва тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қадами навбатии ҳукумати мамлакат рушди иқтисодиёти инноватсионӣ ва рақамӣ – дар дохили кишвар иборат буд. Ҳамчунин, бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳафтаи инноватсия ва дигаргунсозии рақамии Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Мақсади ин чорабинӣ муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар кишвар, рушди хидматҳои электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла Финтех, таъмини амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ буд.
Яке аз қадамҳои муҳим қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №586 аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» буд, ки тибқи он ҳамаи хизматрасониҳои давлатии пардохтшаванда бояд танҳо дар шакли ғайринақдӣ пешниҳод карда шаванд. Қарори мазкур, ба аҳолии кишвар имконият медиҳад, ки хидматҳои давлатиро тавассути суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ, барномаҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои ғайринақдӣ пардохт намоянд. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат, бо ин роҳ метавон фасодро дар қаламрави ҷумҳурӣ ва давлат аз байн бурд ва буҷети давлатиро метавон дучанд зиёд намуд.
Дар ин раванд барои тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба баъзе самтҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад ва яке аз онҳо истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар рафти пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ мебошад. Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ буд, ки Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро оғоз намуд. Бояд қайд намуд, ки - зеҳни сунъӣ ва дастрасӣ ба технологияи муосир метавонад Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил диҳад. Мавриди зикр аст, ки соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро имзо кард, ки ҳадафи асосӣ расидан ба 5% ММД тавассути зеҳни сунъӣ то соли 2040 мебошад.
Барои комёб шудан ба ин ҳадаф Тоҷикистон бояд мутахассису кадрҳои нави маҳаллиро тарбия намуда, бо истифода аз технологияи муосир маҳсулоти беназир эҷод намояд. Айни замон, дар доираи фаъолияти Шӯрои зеҳни сунъӣ ва лоиҳаи "Upskill 1.0: барои баланд бардоштани иқтидори зеҳни сунъӣ дар байни омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон барномаҳо таҳия гардидаанд.
Дар доираи лоиҳаи нав 50 - нафар омӯзгори 11 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ихтисоси худро дар соҳаи зеҳни сунъӣ баланд бардоштанд. Инчунин, дар доираи лоиҳа дар панҷ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисоси нави Интеллекти сунъӣ ҷорӣ карда шуд. Зиёда аз 300 - нафар мутахассис дар донишкадаву донишгоҳҳо дар соҳаи омӯзиши мошинсозӣ ва зеҳни сунъӣ, ки натанҳо дар Душанбе, балки дар қисматҳои дигари мамлакат низ фаъолият доранд, таълим гирифтаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як бори дигар аҳамияти ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ ва ғамхории ояндаи кишварро таъкид намуданд. Ӯ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон изҳори боварӣ намуда, мардуми шарафманди Тоҷикистон, ҳамватанони хориҷӣ ва ҳама ҳозиринро бо фарорасии Соли Нави 2025 табрик намуда, ба ҳар як оилаи халқи тоҷик хушбахтӣ, шукуфоӣ ва комёбӣ таманно намуд.
Бояд қайд намуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат аз Паёмҳои гузашта бо мазмуну мундариҷаи худ куллан фарқ мекунад. Дар паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти равиши инноватсионӣ ва рақамисозиро ҳамчун омилҳои асосии рушди устувори кишвар таъкид менамояд. Сарвари давлат ба рушди инноватисонӣ ва зарурати ҳамгироии технологияҳои муосир ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт диққати махсус дода, қайд менамоянд, ки танҳо тавассути амалӣ намудани ин иқдом самаранокии истеҳсолот дар кишвар таъмин мегардад.
Паёми ироагардида барои тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамчун раҳнамо хизмат мекунад ва даъват ба иштироки фаъол дар раванди навсозӣ ва татбиқи қарорҳои нав ба сӯи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, аз назари мо Паёми имсола ин ҳуҷҷати стратегӣ, Паёми умед - роҳ ба сӯи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ, ин дастурхои навест ки барои кишвари мо уфуқу имкониятҳои навро мекушояд. Ин на танҳо ҳуҷҷати стратегӣ, балки манбаи умеду илҳоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар ояндаи наздик мегардад. Он хоҳиши кишварро барои пешрафт ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ инъикос намуда, аҳамияти кӯшишҳои муштаракро дар татбиқи ҳадафҳои гузошташуда таъкид менамояд.
Муҳим он аст, ки ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ нақши худро дар ин раванд ба хубӣ дарк намуда, дар ҳаракат ба сӯи ояндаи дурахшон, ки ба навоварӣ ва иқтисоди рақамӣ асос ёфтааст, фаъолона иштирок намояд ва саҳмгузор бошад.
Холбобоев Файзулло Самадович - ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ
ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и.