ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ ТОҶИКОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/19/2024 - 09:29

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.
Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду раҳи сафед ва сабз дошт. Раҳи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи маҳсулоти дигари кишоварзӣ буд.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд. 
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, инъикос ёфта буданд. Баъдан, 12 майи соли 2007 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар мекунад. Яъне пештар низомномаҳои марбут ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатиро дар алоҳидигӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур мақоми ҳар се рамзҳои асосии давлатии   Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқаррар кардааст.
Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед, сабз ва аз расми тоҷ таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.
Ранги сурх – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданият, анъанаҳои миллиро фаромӯш накардан тасвир менамояд.
Ранги сафед – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. 
Ранги сабз – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. 
Бинобар, ин мо агар Ватанро дӯст дорем, бояд аз таҳти дил мардуми Тоҷикистонро барои сарсабзию ободиаш фақат бо меҳнати ҳалол бо покизагии виҷдон, адлу инсоф метавонем кишвари маҳбуби худро обод созем. 
Тоҷ – ин рамзи тоҷи заррин буда, дар байни парчами давлатии мо ҳамчун  тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон мебошад. 
Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт фалак ва ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлону Бадахшон мебошад.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. 
Бо иқдоми наҷиби пешгирифтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шудааст. 
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ, рамзи ҳастии миллати тоҷикон мебошад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии   Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ, давлати тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва дертар нишон қабул карда шуд.
Бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ аз 20-уми ноябри соли 2009 фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон оид ба рӯзи 24-уми ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъию нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами кишварҳои дигар дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.
Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллии озод ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. 
Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.


Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ,
н.и.и. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович


 

Меню: