Санаи 20 - уми ноябри соли 2024 дар Раёсати АМИТ натиҷаҳои бунёдиву амалии татқиқоти илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва самараҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо мавриди барассиву муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарони лоиҳаҳои илмиву татқиқотии зерин аз натиҷаҳои татқиқот дар соли 2024 маърўза намуданд:
1. Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., дотсент Каримова М.Т.
2. Таҳияи нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1115, аз 15.03.2021), зери роҳбарии академики АМИТ, д.и.и., профессор Қаюмов Н.Қ.
3. Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик (аз давраҳои қадим то асри XXI) (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1112, аз 15.03.2021), зери роҳбарии узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ.
4. Таҳияи макромодели иқтисодиёти хурди кушоди Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1113 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Муминова Ф.М.
5. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии равандҳои демографӣ дар шароити рушди индустриаливу инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1117 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Қодиров Ш.Ш.
6. Таъминоти институтсионалии рушди индустриалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1114, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
7. Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0120ТJ01039, аз 18.03.2020), зери роҳбарии н.и.и. Бобоев А.А.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |