Санаи 19-уми августи соли 2024 дар ошёнаи якуми бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифии дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла намоиши китоб баргузор гардид, ки дар он тамоми муассисаҳои илмии АМИТ китобу монографияҳои таи солҳои охир ба нашр расидаи худро ба маъраз гузоштанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Баъд аз баргузории намоиши китоб бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар оянда барои мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |