Санаи 28 ноябри соли 2022 бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид., ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар китоби мазкур зиёда аз 50 мақолаҳои илмиву таҳлилии муаллифони дохиливу хориҷӣ оид ба саҳми мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ, густариши сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои давлатдории навин, дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷӣ ва дигар самтҳо ҷой гирифтаанд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |