Муаррифии Китоб

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 06/03/2025 - 10:01

Имрӯз  дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри муаллифон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон Қаландар Абдураҳмонов таҳти унвони “Иқтисоди меҳнат дар асри зеҳни сунъӣ” рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода Комил Олимҷон, Шариф Раҳимзода доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва дигар олимони соҳаи иқтисодиёт доир ба нашр ва моҳияти китоби мазкур суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки китоби дарсӣ “Иқтисоди меҳнат дар асри зеҳни сунъӣ” аввалин нашрияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки тағйирот дар иқтисоди меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоӣ меҳнатиро таҳти таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ инъикос менамояд.
Бояд гуфт, ки ба таҳаввулоти бозори меҳнат, шаклҳои нави шуғл, тағйироти талабот ба сармояи инсонӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоии автоматикунонӣ бо дарназардошти хусусиятҳои иқтисоди Тоҷикистон ва Узбекистон диққати махсус дода шудааст. Ин нашрия равишҳои назариявӣ ва амалӣ барои мутобиқшавӣ ба табдили рақамиро дар бар мегирад ва инчунин усулҳои инноватсионии таълим, аз ҷумла роҳҳои шахсисозишудаи таҳсил ва истифодаи воқеияти маҷозиро пешниҳод мекунад.
Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур барои донишҷӯён, аспирантон, устодон, роҳбарон ва мутахассисони соҳаи иқтисод, идоракунӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омода шудааст. Ҳадафи он рушди малакаҳои таҳлилӣ, тафаккури низомнок ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ дар шароити тағйироти рақамӣ мебошад, ки ҳамкории таълимии ду кишвари дӯстро таҳким мебахшад.

Меню: