МАҚОМ ВА НУФУЗИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 02/26/2025 - 16:15

“Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид шудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем. Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд. Кадом мушкилоти дорои моҳияти иҷтимоиро нагиред, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, назардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст”. 


Эмомалӣ Раҳмон 


Зан олиҳаи ҳусн ва зебоӣ, модар, ҷинси латифу ғамхор, поягузори оила ва насли инсоният дар ҳар давру замон мақоми хосаеро дар ҷомеа соҳиб буд. Ӯ ҳамчун зани сарвар, зани роҳбар, зани далеру ҷасур дар набардҳои мухталифи муборизаи ҳаёту марг, ватандориву диловарӣ ҳамеша дар талош баҳри осудагиву оромии оила ва ҷомеа баромад менамуд. 
Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоднажоду озодихоҳ, зебову зебопараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст. 
Сарвари хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ нисбат ба зан - модар ғамхориҳои беназир кардаанд. Ҳамин дастгириҳо ва ғамхориҳо буд, ки имрӯз зани тоҷик вазир, раиси ноҳия, вакили мардумӣ ва роҳбари ташкилоту идораҳои давлатӣ шуда кору фаъолият доранд, ки ин барои мардуми шарафманди тоҷик бахти баланд ва ифтихор аст. 
Қалби зан - модар саршор аз ишқу муҳаббати зиндагӣ буда, нисбат ба Ватан ва фарзандон ҳеҷ гоҳ бетафовут нест. Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. 
Боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, хирадманду фарзона, фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поку боиффати худ ба камол расонидааст. 
Қайд кардан бамаврид аст, ки занону бонувон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандии ватани азизамон ба шумор рафта, саҳми онҳо, пеш аз ҳама, дар таълим ва тарбияи фарзанд, ободиву сарсабзии кишвар назаррас мебошад. 
Дар ҳақиқат, занон дар ҷомеа нигини пурҷилои давлат, неруи бузургро ташкил медиҳанд. Пас, бонувон неруе ҳастанд, ки созандаву бунёдкор, тарбиятгар, ҳалиму меҳрубон, бонуи ҳунар, саҳмгузор дар ҷомеаи имрӯзу фардои башар мебошанд ва садсолаҳо ба давлату миллат хизмат менамоянд. 
Солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сангини рӯзгор, пеш аз ҳама, занонро ба гирдоби ғам кашида буд. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳои душворгузар занони тоҷик аз оғози азнавсозии мамлакат, дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар рӯйдодҳои муҳими кишвар, аз ҷумла, муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин, дар масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар дастовардҳои давлату ҳукумат ва ғайра нақши муҳим ва созанда доранд. 
Инчунин, Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар масъалаи беҳдошти занон аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо”, “Нақши миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015” тасдиқ гардид, ки баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар баҳри омода ва дастгирӣ намудани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд. 
Илова бар ин, дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни духтарон аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилотии олии касбии ҷумҳурӣ бепоён аст. 
Қайд кардан бомаврид аст, ки ба тасдиқ расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” заминаи асосӣ дар афзоиши теъдоди занони роҳбар дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ гардид. 
Ҳамасола Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи мазкур дар Паёми худ баромад намуда, таъкид месозанд: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд». 
Пеш аз ҳама, ба таҳсил ҷалб намудани духтарон, таъмин намудани квотаи президентӣ ба духтарони ноҳияҳои дурдаст ва камбизоат сафи мутахассисони заруриро дар ҷомеа зиёд намуд ва имконияти рушди ҳаёти арзандаро барои онҳо фароҳам овард. Зиёд шудани муассисаҳои томактабӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав ба занҳо имкон дод, ки онҳо баробари мардҳо ба буҷаи оила маблағҳои моддиро ворид созанд. Бо баробари ин зан вазифаи воқеии худро аз даст надод. Ӯ чун ҳамеша модар ва нигаҳбони оила ва тарбиягари фарзандон боқӣ монд. 
Имрӯз занҳо аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар инкишофи пурпечутоби ҷомеа саҳмгузор шуданд. Ҷаҳони маънавии зан ба воситаи дастгирии ҳукумат ва таъсиррасонии воситаҳои коммуникатсионӣ васеъ гардида, боварӣ ба қувваи худ бар дӯши ӯ изофа гардид. Шахсияти зан ва арзёбии комёбиҳои он аз ҷониби давлат ва ҳукумат баҳои сазоворро соҳиб шуд, ки самтҳои фаъолияти онро боз ҳам васеътар гардонид. Дар ин бобат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”. 
Бо дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои кишвар, омода намудани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби занону духтарон ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон минбаъд низ роҳандозӣ менамояд. 
Ҳамин тариқ, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки нақши занону бонувони Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хеле ҳам бузург буда, борҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои калон садо дода, ҳамаҷониба занону бонувони гиромиқадр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд. 
Аз ин рӯ, таҷлили ҷашни Рӯзи Модар барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад. 


Ходими пешбари илмии шуъбаи 
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. 
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович 

 

Меню: