Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 4-уми соли 2024 бо ибтикори Созмони олимони ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия-заминаи бунёдии рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат” доир гардид. Семинарро садри ҷаласа, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро бо ин иди сарнавиштсоз Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд ва ба баромадкунандаи аввал, н.и.и., х.п.и.-Бобозода К.О.-и шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ сухани нахустро доданд. Бобозода К.О. доир ба мавзӯи “Конститутсия-бахтномаи миллат” баромади пурмуҳтаво карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд. Баромади дигари ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда-Мадаминов А.А. дар мавзӯи “30-солагии Конститутсия ва аҳамияти таърихии он” шунида шуд, ки бениҳоят муҳим арзёбӣ гардид.
Пас аз баромади Мадаминов А.А. баромади ходими дигари илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ-Шерматов Б.У. бо забони англисӣ баргузор гардид, ки хеле ҷалбкунанда буд, зеро забони англисӣ аз ҷумла, забоне мебошад, ки тақозои замона маҳсуб меёбад.
Пас аз баромади маърӯзакунандагон бахши пурсишу посух ва музокира ба амал омад, ки бо ду забон сурат гирифт-забони тоҷикӣ ва забони англисӣ. Бахшҳои пурсишу посух ва музокира ба семинари ҷашнии назариявӣ бо мусоҳибаи гарму посух ба саволҳо ҳусни тафоҳум бахшид. Инчунин, раиси Созмони олимони ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ-н.и.и., х.п.и.-Юнусзода Х.Қ. дар бахши пурсишу посух ва музокира хеле фаъол ва ба фикри худ устувор буда, бо забони англисӣ саволҳои худро пешниҳод карданд ва посухи қаноаткунанда гирифтанд.
Дар интиҳо д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ба олимони ҷавон маслиҳатҳои муфид оид ба маърӯзаҳо ва доир ба бартараф кардани монеаҳои равонӣ пешниҳод намуда, ба семинари назариявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни анҷом бахшиданд.