Конститутсия - бахтномаи миллат

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/25/2024 - 13:50

    Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иброз доштанд: “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад” (Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия).
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - қонуни асосии Тоҷикистон буда, 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумӣ қабул карда шуд ва 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.  
   Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. 
   Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҳама сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Зеро қонуни асосии кишвар кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад.
    Дар ин рӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷашни пуршукӯҳ ва як рӯзи таърихӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор карда мешаванд. 
Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам қабул гардида, ҳамчун раҳнамои миллат дар рушду нумӯи кишвар саҳми беназир дорад. 
  Дар давоми 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, як қатор пешравиҳо ба даст оварда шуд.  Фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои мутақобила  судманди  байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
   Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, баҳри зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз буд, таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.    
     Маҳз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти давлати мустақили Тоҷикистон муқаррар гардид. Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун асоси ҳуқуқӣ барои рушди давлати навини Тоҷикистон баромад намуда, самтҳои инкишофи онро муқаррар менамояд.
    Дар замони муосир Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохили давлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд. Халқи Тоҷикистон тибқи мукаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд. 
     Бояд қайд намуд, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, махсусан занонро ҳимоя менамояд.
Ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон ва мавқеи зан дар ҷомеа, яке аз масоили муҳиме мебошад, ки дар доираи озодӣ ва дастгирҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вазифаҳои роҳбарикунанда, сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори савобпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубон фаъолият карда истодаанд. 
     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум сулҳу суббот ва оромию осоиштагиро фароҳам овард. Мардуми шарафманди  Тоҷикистон шукрона аз он мекунад, ки дар чунин як давлати орому осоишта зиндагӣ ба сар бурда, дорои бахтномаи миллат мебошад. 


Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ,  н.и.и. Мирзоева Ҷ.П.   
 

Меню: