Рӯзи 07-уми сентябри соли 2022 дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илми ватанӣ» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он узви пайваста ва вобастаи АМИТ, докторон ва профессорон, инчунин ходимони илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ иштирок намуданд. Дар кори конференсияи мазкур мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. дар мавзўи «Илми иқтисоди академӣ дар давраи Истиқлол» баромад намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |