Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳкими сиёсати андозӣ-буҷетӣ дар марҳилаи нави рушди мамлакат»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/31/2024 - 11:30

Санаи 31 майи соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №3 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2024» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳкими сиёсати андозӣ-буҷетӣ дар марҳилаи нави рушди мамлакат» баргузор гардид.
 Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
 Дар кори конференсияи мазкур намояндагони масъули вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Тибқи рӯзнома иштирокчиёни конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:
- низоми буҷетӣ ва механизмҳои молиявии таъминоти буҷетии кишвар ва минтақаҳои он;
- таъмини кушодагӣ ва шаффофияти молияи ҷамъиятӣ;
- воситаҳои андозию буҷетии ҳавасмандгардонӣ ва рушди соҳибкории хурд ва миёна; 
- рақамикунонӣ дар соҳаи молиявӣ;
- трендҳои андозӣ дар шароити мушкилот ва таҳдидҳои иқтисодиёти муосир;
- сиёсати андоз ва ислоҳоти низоми миллии андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт;
- идоракунии андоз;
- сиёсати соҳавии андоз: мушкилот ва векторҳои рушд;
- танзими андоз ва гумрукӣ-тарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
- воситаҳои муосири назорати андоз, таҳлили тағйироти қонунгузории андоз;
- самтҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва тайёрии касбии кормандони молиявӣ дар шароити муосир.
 

Меню: