Санаи 30 майи соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №1 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2023» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёти рақамӣ: тамоюлҳо ва дурнамои рушд дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар кори конференсияи мазкур намояндагони масъули вазоратҳои зерин, ба монанди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндаҳо аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Тибқи рӯзнома иштирокчиёни конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:
• нишонаҳои иқтисодиёти рақамӣ ва тамоюлҳои ҷаҳонӣ;
• нақши давлат дар рушди иқтисодиёти рақамӣ;
• татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳо ва сатҳҳои идоракунии иқтисод;
• рушди бозори технологияҳои рақамӣ;
• технологияҳои рақамӣ дар савдои дохилӣ ва хориҷӣ;
• моделҳои тиҷоратии ширкатҳо дар муҳити зудтағйирёбандаи рақамӣ;
• зарурат, имконият ва раванди ташаккули базаи иттилоотӣ (Big Data);
• таъмини амнияти иттилоотӣ дар иқтисодиёти рақамӣ;
• арзёбӣ ва дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ бо дарназардошти тамоюлҳои рақамикунонӣ;
• маъруфияти афзояндаи иқтисодиёти мобилӣ ва иқтисоди мубодила (Mobile Economy ва Sharing Economy);
• ташаккули малакаҳои муосир барои иқтисодиёти рақамӣ;
• тағйиротҳо дар бозори меҳнат дар иқтисодиёти рақамӣ;
• масъалаҳои коҳиши давраи (сикли) навовариҳои технологӣ;
• иқтисоди рақамӣ ҳамчун чолиш барои илм ва ҷомеаи муосир;
• таъмини амнияти иттилоотӣ дар иқтисодиёти рақамӣ;
• ташаккули экосистемаи рақамӣ.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |