Санаи 10 марти соли 2023 дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Конференсияи байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарону коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.
Бахши дуюми конференсия дар мавзўи «Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ: вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди муштарак» таҳти раёсати директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода доир гардид. Дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, роҳбари намояндагии Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов, сардори шуъбаи тадқиқоти стратегии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Нурматов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, корманди илмии Маркази тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Давлатмурод Мамедов, мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ихтиёр Ашӯров суханронӣ намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |