Истиқболи парчамбардорони кишвар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 08/14/2024 - 14:15

Санаи 14-уми августи соли 2024 дар қатори дигар ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷик ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ, дар кӯчаи Айнӣ бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ба истиқболи парчамбардорони кишвар, ғолибони Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024 баромаданд.
 Бояд тазаккур дод, ки Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 аз 26 июл то 11 август дар шаҳри Парижи   Фаронса баргузор гардиданд. Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ гирифт. Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид.
 

Меню: