Имтиҳони маҷмӯии хатми зинаи докторантураи PhD

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/01/2024 - 10:30

 Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №328 ва фармоиши директори Институт аз 22 апрели соли 2024, №21 «Дар бораи санаи гузаронидани имтиҳони маҷмӯии хатми докторантони PhD» санаи 01 майи соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ имтиҳони маҷмӯии хатми зинаи докторантура PhD-и курси сеюм баргузор гардид.
 Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ш.Раҳимзода ба имтиҳон ҳусни оғоз бахшида, шогирдонро ба шурӯи имтиҳон ва бомуваффақ супоридан раҳнамоӣ намуданд.
 Дар оғози имтиҳон раиси комиссия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Аҳмадов Раҳимҷон Раҷабович таъкид бар он доштанд, ки талаботи Низомнома оид ба докторантураи PhD ҳатман риоя карда шавад.
Дар имтиҳони давлатӣ аз рӯи ихтисоси 6D051000 – Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ 6 нафар ва ихтисоси 6D051800 – Идоракунии лоиҳаҳо 1 нафар иштирок намуда, имтиҳонро бо баҳои мусбат супориданд.
 

Меню: