ИЛМИ ИҚТИСОДИИ АКАДЕМИИ ВАТАНӢ ВА ТАЛАБОТИ ЗАМОН (дар ҳошияи вохӯрии Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024)

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 06/07/2024 - 13:48

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд карданд, ки «Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд». Бинобар ин, дар шароити ҳозира мавқеи илми иқтисодии ватанӣ нисбат ба пештара баландтар хоҳад шуд, зеро ташаккули афкори ҷомеа ва тафаккури он пеш аз ҳама ба дараҷаи тараққиёти илми иқтисодӣ ҳамчун як равияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, аз бисёр ҷиҳат ба мавқеъ ва фаъолияти олимони иқтисоддони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста аст. 
 Мутаассифона айни замон вазъи илми иқтисодии академии ватанӣ ва шаклҳои алоқаи он бо таҷрибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ба хусусияти вазифаҳои дигаргунсозии ҷамъият мувофиқат намекунад ва тағйироти фаврӣ ва қатъиро талаб менамояд.
Таҷрибаи пешин нишон медиҳад, ки дар даврони Шуравӣ тадқиқотҳои иқтисодии академии ватанӣ дар доираи мавзӯи умумиттифоқӣ – «Асосҳои илмии ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи ИҶШС дар минтақаҳои иқтисодӣ» заминаҳои коркарди схемаи территориявии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда гузошта шуд, ки дар натиҷаи он схемаҳои инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи РСС Тоҷикистон то солҳои 1980, 2010 ва 2015 тарҳрезӣ гашта, мувофиқи онҳо лоиҳаҳои нақшаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ, лоиҳагирии ҷузъҳои саноатӣ, ҳамчунин объектҳои азими истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ сохта шуда буданд. 
Ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ дар назди ҷомеа ҳамвора бо масъалаҳои ташаккул додани рукнҳои давлату давлатдории навини тоҷикон, вазифаи гарону сангинро - тарҳрезии зерсохтори нав, яъне низоми иқтисоди бозорӣ, ки бо сохтори иқтисодии умумибашарӣ ҳамранг бошад, кундаланг гузошта буд. Дар давраи мураккаби дигаргуниҳои бозорӣ аз тарафи намояндагони илми иқтисодии ватанӣ лоиҳаи Консепсияи худидоракунӣ ва худмаблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд, ки ғояи он асосҳои илмии коркарди гузариши иқтисодиёти мамлакатро ба муносибатҳои бозорӣ ва рушди алоқаҳои иқтисодии байналмилалӣ  ташкил дода буд.
 Зикр намудан ба маврид аст, ки соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар самтҳои тадқиқоти назариявӣ дар соҳаи иқтисодиётро ба таври возеҳ мушаххас сохта, таъкид намуданд, ки бо дарназардошти воқеияти ҷаҳони муосир ва хусусиятҳои асолати миллӣ, бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳлили «самтҳо ва пешбурди раванди иқтисодӣ ва фаҳмондадиҳии механизми амалисозии иқтисодӣ асос ёфта, ба бозори озод» ҷалб карда шавад. Бинобар ин, дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ тадқиқотҳои олимони иқтисоддони академии ватанӣ дар доираи ҳаллу фасли масъалаҳои назариявӣ ва методологии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи бисёр вазнини гузариш, тараққиёти дигаргуниҳои бозорӣ дар кишвар ва масъалаҳои интегратсияи иқтисодии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирифта буд. Дар ин маврид бояд зикр намуд, ки дар мисоли Тоҷикистони то солҳои 2000-ум ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар илми иқтисодӣ давраи гузариши кишварҳои пасошӯравӣ модели назариявӣ-амалии барқароршавии иқтисодиёти конститутсионӣ дар вазъи бӯҳрони конститутсионӣ ва раҳоӣ аз он ба вуҷуд омада, аз ҷониби ҷомеаи олимони ҷамъиятшиносӣ пазируфта шуд. Тавре ки дар вохӯрии Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 қайд карда шуд, «танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем».
Бинобар ин, маҳз аз солҳои аввали 2000-ум инҷониб вобаста бо талаботи марҳилаи нави рушди иқтисодии мамлакат ва тамоилҳои ҷадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои миллии рушди Тоҷикистон сурат гирифт. Боиси қайд мебошад, ки коркардҳои илмӣ ва пешниҳодҳои намояндагони илми иқтисодии академии кишвар дар раванди таҳияи Стратегияҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва соли то соли 2030, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020 ва солҳои 2021-2025, Консепсияи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи солҳои 2020-2025 ва ғайраҳо, истифода шуда, омезиши алоқамандии бевоситаи илму истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъмин гашта истодааст. 
 Мо олимони иқтисоддони кишвар бо як меҳри беандоза нисбати Сарвари давлат хушхолӣ аз он дорем, ки дар вохӯрии Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 қайд карда шуд, ки “корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд. Аз ҷумла, олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳими давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштаанд”. Аммо, ин суханони Сарвари давлат маънои онро надорад, ки илми иқтисоди академии кишвар ба тағйироти ҷиддӣ ниёз надорад. 
Баръакс, суханони Ҷаноби Олӣ давъат ба он меоваранд, ки вобаста бо талаботи марҳилаи нави рушди иқтисоди мамлакат ва тамоилҳои ҷадиди иҷтимоиву иқтисодӣ, пажуҳишҳои иқтисодии академии ватанӣ бештар масъалаҳои рушди инноватсионии мамлакат, ҷойгиркунии оптималии қувваҳои истеҳсолкунандаи кишвар мутобиқ ба талаботи муносибатҳои иқтисодии бозорӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат ва ниҳоят тарбия ва омӯзиши шигордон дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқотҳо ба воситаи коркарди маълумотҳои васеи оморӣ (the database) бо мақсади таҳияи макромоделҳо ва сенарияҳои рушди ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистонро дарбар гиранд. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии илмии насли наврас ва олимони ҷавон намояндагони илми иқтисодии академии ватанӣ дар масъалаҳои омӯзиши таърихи иқтисод ва афкори иқтисодии халқи тоҷик, таъминоти институтсионалии рушди индустриалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои иқтисодӣ - демографии оила ва дар маҷмӯъ ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, бояд пешсаф бошанд.
 Чунон ки маълум аст, солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар робитаҳои илмии байналмилалӣ хеле вусъат пайдо кардаанд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки низоми мавҷудаи робитаҳои байналмилалии муассисаҳои илмии иқтисодии академии ватанӣ кӯҳна шудааст ва дар марҳилаи кунунӣ таҷдиди назар металабад. Дар ин самт аз ҷониби намояндагони илми бунёдии иқтисодӣ таҳқиқот ва ғояҳои ҷиддитар дар самти тавсеаи ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ, дар самти иқтисоди «сабз» ва иқтисоди «рақамӣ», таҳияи барномаҳои азхудкунии минтақаҳои кӯҳӣ бо мақсади истихроҷ ва коркарди металлҳои нодир, ки талабот ба онҳо дар ҷаҳон сол аз сол меафзояд, заруранд. Ташкили тадқиқоти илмӣ дар ин самтҳо ба баланд бардоштани имиҷи илми бунёдии иқтисодии ватанӣ ва афзоиши талабот ба натиҷаҳои илмии он мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, мавриди зикр мебошад, ки масъалаи бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ, аз ҷумла Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ низ масъалаи якумдараҷа гардидааст. Бо кадрҳои ҷавони илмӣ таъмин намудани муассисаҳои илми иқтисодӣ, ақаллан нигоҳ доштани иқтидори илмии ҳозира, дар оянда бо ҳам пайваст намудани ғайрати ҷавонону таҷрибаи бои калонсолон муҳимтарини масъалаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда қайд накарданд, ки «имрӯз дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кормандони калонсол аксариятро ташкил медиҳанд, ки аслан ин падидаи манфӣ нест, зеро расидан ба камолоти зеҳниву илмӣ солҳои тӯлонии омӯзишу таҳқиқро талаб мекунад. Аммо дар баробари ин, мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем. Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд. Фаромӯш набояд кард, ки ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад». 
 Дар бобати ин суҳанҳо мо метавонем танҳо аз зиракӣ ва маҳорати Пешвои муаззами миллатамон дар ёфтани ҷавобҳо ба саволҳои муҳими рушди ҷомеаи муосири мо дар маҷмӯъ ва махсусан, илми ватанӣ ҳайрон ва мафтун шавем. Дар ҳақиқат, хароҷоти давлатро ба соҳаи илм ва маориф зиёд кардан мумкин аст, аммо агар байни наслҳои илмӣ робитаи доимӣ вуҷуд надошта бошад, агар мактаби анъанавии устоду шогирд аз байн равад, илми ватании мо наметавонад дар минтақаи Осиё ва ҷаҳони имрӯза ҷойгоҳи арзанда дошта бошад.
 Ҳоло ҷамъиятшиносон, аз ҷумла намояндагони илми иқтисоди бунёдӣ, дар барқарор намудани мактаби мазкур бояд фаъолонатар иштирок намоянд. Онҳо бояд ҳарчӣ бештар барои муттаҳид намудани миллат, баҳри ояндаи нек кӯмак расонанд. Ин қарзи граждании ҷомеашиносон ҳам дар назди давлат ва ҳам дар назди ҷамъият ба ҳисоб меравад.


 Саидмуродзода Л.Ҳ. - узви вобастаи АМИТ,

д.и.и., профессор, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ

Меню: