ХУШХАБАР!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 01/07/2026 - 11:54

ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРӢ

Санаи 31.12.2025 бо Фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 517/ди дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.06.01-Амнияти иқтисодӣ ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонӣ Бобозода Анвар тасдиқ гардида, ба гирифтани дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ мушарраф шуд.
Раёсати Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устодро самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, комёбиҳои нави илмӣ ва муваффақиятҳои бештар дар фаъолияти илмӣ- таҳқиқотӣ орзу менамоянд.
 

Меню: