Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки 10 декабри соли равон аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷомеа ба ҳайси «ҳизби ҳоким» ва «пешоҳанги ҷомеа» шинохта шудааст, 30 сол сипарӣ гардид.