Амали ноҷавонмардона
Тайи чанд рӯз аст, ки дар як гӯшаи кишвари маҳбубамон нооримиву нотинҷист. Бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии баъзе аз гурӯҳҳо дар ҳамсоякишварамон - Қирғизистон моро ба вартаи ҷанг кашид. Мутаассифона, дар ин ҷанги хонумонсӯз беҳтарин фарзандони миллати мо, ки қарзи Модар-Ватанро адо мекарданд, туъмаи тири душманон гардиданд. Бераҳмии ҷаллодони қирғиз то ба дараҷае расида будааст, ки ҳатто Асмоаи 6-сола ва Имрони 5-соларо ҳадафи тири худ қарор додаанд.