Мизи мудаввар
30 марти соли 2022 дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити факултети иқтисод ва менеҷменти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар шароити рушди инноватсионии корхона» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он мудири шуъбаи тадқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М. бо маърӯза доир ба «Усулҳои инноватсионии баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо» баромад намуданд.