ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ!
Табрикоти директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Табрикоти директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Рӯзи 30 сентябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД дар семоҳаи сеюми соли 2022
2. Дар бораи ба ҳайси тадқиқотчӣ-таҷрибаомӯз қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ Александр Майер (Ҷумҳурии Федеративии Олмон) ва тасдиқи мавзӯи илмии он
Рӯзи 20 сентябри соли 2022 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Диверсификатсияи содироти кишвар: масъалаҳо ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар кори он ходимони илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Институт – мудири шуъба, н.и.и. Муминова Ф.М., Юнусзода Х.Қ. – н.и.и., Ғоибназаров Ғ. – н.и.и., Ишматова Д.А., Зунунӣ Н.А. ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон аз қадимулайём миллати сулҳдӯст ва меҳмоннавоз буданд. Онҳо боре ҳам бо ягон ҳамсояашон наҷангидаанд, зеро ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, медонанд, ки ҷанг чӣ қадар ғаму андӯҳ ба бор меорад. Мутаассифона, ҳамсояи қирғизи мо аз ин истифода бурда, ба мардуми осоиштаи тоҷик доимо ҳуҷум мекунад. Онҳо хонаҳои тоҷикон, мактабу масҷид ва иншоотро вайрону кӯдакон, занон ва пиронсолонро мекушанд. Субҳи 14 сентябр, соати 7:15 бе ягон сабаб, бе огоҳӣ низомиёни қирғиз ба сарҳадбонону мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона карданд.
Тайи чанд рӯз аст, ки дар як гӯшаи кишвари маҳбубамон нооримиву нотинҷист. Бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии баъзе аз гурӯҳҳо дар ҳамсоякишварамон - Қирғизистон моро ба вартаи ҷанг кашид. Мутаассифона, дар ин ҷанги хонумонсӯз беҳтарин фарзандони миллати мо, ки қарзи Модар-Ватанро адо мекарданд, туъмаи тири душманон гардиданд. Бераҳмии ҷаллодони қирғиз то ба дараҷае расида будааст, ки ҳатто Асмоаи 6-сола ва Имрони 5-соларо ҳадафи тири худ қарор додаанд.