Боздид аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ва экспозитсияи Осорхонаи миллӣ
15 марти соли 2022 ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ва экспозитсияи Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти боздид ходимони илмии Институт аз экспонатҳои Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи ҳунарҳои миллии Осиё «Гимей»-и Франсия муаррифӣ шуда буданд, дидан намуданд.