ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 02/08/2024 - 10:16

Санаи 08-уми феврали соли 2024 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногун, рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.

ТАЪЗИЯ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/05/2024 - 10:59

Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандону ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бинобар даргузашти мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бабаджанов Рустам Мирзоевич ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли оила ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ «ХИРАДМАНДОН» - И ҲХДТ ДАР АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 02/02/2024 - 11:00

   Санаи 2-юми феврали соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода И., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Н., президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва олимону ходимони илмии муассисаҳои илмии назди академия иштирок доштанд. 

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 01/29/2024 - 16:05

   Мардуми сарбаланди тоҷик ҳар сол бо нигоҳи умедбахш ва орзуҳои нек ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию ҷумҳуриро барои соли минбаъда саҳеҳу дақиқ ишора менамояд, интизорӣ мекашанд ва истиқбол мегиранд.

Рӯзи 29-уми январи соли 2024 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 01/29/2024 - 15:57

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба тарғиб ва иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаҳо ва ходимони илмии Институт барои соли 2024

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ