ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ – НЕРУИ БУЗУРГИ ДАВЛАТДОРӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/04/2022 - 16:09

Имрӯз рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ воситаи мувофиқ баҳри тарғиби ғоя ва арзишҳои гуногуни ифротию террористӣ шуда, ба парокандагии ғоявии ҷомеа мусоидат менамояд. Барои таъмини ҳимояи манфиатҳои миллӣ алоқамандии сиёсат ба амнияти идеологӣ* ҳамчун омили таҳкими амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. Омили идеологӣ* ҳамчун василаи танзимкунандаи рафтори субъектони сиёсат қудрати низомсоз дорад, зеро неруе, ки ба ҳуҷумҳои идеологии* бегонагон муқовимат карда метавонад, танҳо идеологияи* миллӣ мебошад.

Семинари илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 04/22/2022 - 17:18

22 апрели соли 2022 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар мавзӯи: «Марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди афкори иқтисодии халқи тоҷик» баромад намуданд.

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 04/19/2022 - 14:28

Санаи 19-уми апрели соли 2022 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар кори он аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ, директорон, ҷонишинон, котибони илмӣ ва дигар ходимони илмии даъватшудаи муассисаҳои илмии зертобеъ аз АМИТ ширкат намуданд. Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии «Рӯзи илми тоҷик» табрик намуд ва зимни сухани табрикии хеш нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат таъкид сохт.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 04/15/2022 - 15:45

         Тибқи банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 28 декабри соли 2021 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» 15 апрели соли 2022 дар толори Шурои олимон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Проблемаҳои актуалии рушди илми иқтисодӣ дар Тоҷикистон» (бахшида ба нахустин конференсияи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон) баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. 

Поси хотири олимони соҳаи илми иқтисодиёт

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 04/14/2022 - 09:03

Тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (2 августи соли 2011 №753) ҳар сол дар Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи апрел - Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин, як гурӯҳ ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз оромгоҳҳои олимони соҳаи илми иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Раҳимов Р.К., Нарзиқулов И.Қ., Саидмуродов Ҳ.М., Мирзоев Р.К., Исломов С.И. ва дигарон зиёрат намуданд. 

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ