ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 01/29/2024 - 11:29

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/32446

Суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 01/25/2024 - 12:19

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар паёми навбатии Президенти мамлакат нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, инчунин, дастоварду пешравиҳои дар ҳафт соли охир ноилшудаи кишвар, бахусус, дар соли 2023 баён гардида, самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд, ки барои соли 2024 ва солҳои минбаъда вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/32387

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – СУРЪАТБАХШИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 01/15/2024 - 09:37

     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 ироа гардид. 
     Чун ҳамеша Паёми имсола аз паёмҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад. Аввалан, дар он бештар ба рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонии иқтисодиёт ва гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст, зеро ин раванд хоси кишварҳои пешрафтаи дунёст ва Тоҷикистони мо бояд дар қатори аввалинҳо бошад. Дуюм, бо дарназардошти тағйироту мураккабшавии вазъи ҷаҳон, инчунин дар такя ба натиҷаҳои иқтисодии бадастомада муҳлати расидан ба қисме аз ҳадафҳо тағйир дода шуд, ки он ислоҳоту суръатбахшии бештари рушди иқтисодиётро талаб мекунад. Сеюм, Паёми имсола ҳама самтҳои фаъолият: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дарбар мегирад. Чорум, сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии рушди иқтисодиёту ҷомеа эътироф карда шуд ва қайд гардид, ки “рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад” ва панҷум, бо такя ба натиҷаҳои хуби ҷамъбасти сол музди меҳнату нафақа ва пардохтҳои дигари пулӣ новобаста аз он, ки соли гузашта зиёд карда шуда буданд ин соли низ боло бурда мешавад.

Раванди омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Маркази илмию таҳқиқотии пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат дар назди Раёсати АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 01/11/2024 - 09:34

Санаи 11-уми январи соли 2024 дар Маркази илмию таҳқиқотии пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ раванди омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, баргузор гардид.

Ҷаласаи умумии солонаи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 01/05/2024 - 10:57

Санаи 5 январи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ доир гардид, ки дар он гузориши президенти АМИТ Ф.Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 мавриди баррасӣ,

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ