ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ – НЕРУИ БУЗУРГИ ДАВЛАТДОРӢ
Имрӯз рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ воситаи мувофиқ баҳри тарғиби ғоя ва арзишҳои гуногуни ифротию террористӣ шуда, ба парокандагии ғоявии ҷомеа мусоидат менамояд. Барои таъмини ҳимояи манфиатҳои миллӣ алоқамандии сиёсат ба амнияти идеологӣ* ҳамчун омили таҳкими амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. Омили идеологӣ* ҳамчун василаи танзимкунандаи рафтори субъектони сиёсат қудрати низомсоз дорад, зеро неруе, ки ба ҳуҷумҳои идеологии* бегонагон муқовимат карда метавонад, танҳо идеологияи* миллӣ мебошад.