ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - ТАҶАССУМГАРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ВА РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/21/2024 - 10:00

Санаи 21 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Инсттути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он Ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, Салимов Ю. дар мавзӯи «Парчами миллӣ - таҷассумгари давлатдории тоҷикон ва рамзи ҳастии миллат дар замони муосир» баромад намуданд. Дар рафти чорабинӣ таъкид намуданд, ки парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.

НАТИҶАБАРДОРӢ аз корҳои илмиву татқиқотӣ дар соли 2024.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/20/2024 - 14:40

Санаи 20 - уми  ноябри соли 2024 дар Раёсати АМИТ натиҷаҳои бунёдиву амалии татқиқоти илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва самараҳои  иқтисодиву иҷтимоии онҳо мавриди барассиву муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарони лоиҳаҳои илмиву татқиқотии зерин аз натиҷаҳои татқиқот дар соли 2024  маърўза намуданд: 
1. Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., дотсент Каримова М.Т.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ ТОҶИКОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/19/2024 - 09:29

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.
Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду раҳи сафед ва сабз дошт. Раҳи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи маҳсулоти дигари кишоварзӣ буд.

ИҶЛОСИЯИ XVI-И ШУРОИ ОЛӢ, САРВАРИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/15/2024 - 15:00

Иқтисодиёти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки мутобиқ ба Энсиклопедияи советии тоҷик “республикаи индустриалию аграрӣ”[1]буду дар Маҷмуи маҳсулоти ҷамъиятии он ҳиссаи саноат зиёда аз 56,0 фоизро ташкил медод, шурӯъ аз соли 1985 вобаста ба саршавии раванди шикасти Иттиҳоди Шуравӣ ба мушкилӣ дучор шуда коҳиш меёфт.

Эмомалӣ Раҳмон – барпокунандаи давлати навини соҳибистиқлол ва пайвандгари мардуми шарифи Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/15/2024 - 13:29

 Ба истиқболи 16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. 15-апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур рӯзи президентро ворид гардонданд, ки дар асоси он ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби халқи тоҷик таҷлили он ҷашни муҳим ва бузургдошт ба роҳ монда шудааст.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ