Поси хотири олимони соҳаи илми иқтисодиёт
Тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (2 августи соли 2011 №753) ҳар сол дар Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи апрел - Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин, санаи 04-уми майи соли 2023 як гурӯҳ ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода аз оромгоҳҳои олимони соҳаи илми иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Раҳимов Р.К., Нарзиқулов И.Қ., Саидмуродов Ҳ.М., Мирзоев Р.К., Исломов С.И. ва дигарон зиёрат намуданд.