ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ СУББОТИ ҶОМЕА

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 12/19/2025 - 10:30

Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии миллӣ аст, ки бо ташаббуси оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.
12 –уми декабри соли 2025 дар доираи иҷлосияи 80- уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи 61 - уми пленарӣ доир шуд. 

ЧОРАБИНИИ ИДОРАВӢ ДОИР БА ОМӮЗИШИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/18/2025 - 10:35

Санаи 18-уми декабри соли 2025, дар Инстииути иқтисодиёт  ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса ҳамоиши идоравӣ вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд, баргузор карда шуд.

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/16/2025 - 11:43

16 декабри соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти муассиса, мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.

РАФТИ ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИНСТИТУТ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/16/2025 - 10:47

16 декабри соли ҷорӣ дар бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида истодааст. Паёми сарнавиштсоз ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амният, ҳифзи муҳити зист ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимро фаро мегирад.

Муаррифии монографияи коллективии шуъбаи тадқиқоти институтсионалӣ дар мавзуи: “Асосҳои консептуалии стратегияи рушди индустриалӣ дар заминаи рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 12/12/2025 - 17:59

Монография ба масъалаҳои  консептуалии  стратегияи рушди индустриалии мамлакат ва минтақаҳои он, аз ҷумла, омилҳои иҷтимоии рушди индустриалии кишвар, арзёбии иқтидори институтсионалии рушди саноатии минтақаҳои кишвар, ташаккул ва рушди бахши транзаксионии иқтисоди минтақа (баҳодиҳии хароҷоти трансформатсия ва транзаксия) бахшида шуда, дар он самтњои афзалиятноки рушди барномавии минтақаҳои кишвар, ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо дар самти рушди индустриалӣ, асосҳои косептуалии баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсири он ба рушди саноатии минтақаҳо, таҳлил ва д

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ