ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/28/2023 - 10:00

28 декабри соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва иштироки мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмии ИИваД АМИТ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
 

УФУҚҲОИ НАВ ДАР ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ФОРМАТСИЯИ НАВ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/12/2023 - 15:18

12 декабри соли 2023 дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе вохӯрии директори иҷроияи филиал Ғаниев Р.Ғ. бо директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва раиси Ассотсиатсияи миллии менеҷерҳо ва маркетологҳо, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Базаров Ш.Ш. доир гардид. Дар ҷамъбасти мулоқот Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба шарикии дарозмуддат ва мутақобилан судманд нигаронида шудааст.

Семинари байналмиллалии илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/07/2023 - 15:47

Санаи 7-уми декабри соли 2023 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия семинари байналмиллалии илмию назариявӣ баргузор гардид. 
Дар кори семинар мутахассисони варзида аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва олимони шинохтаи илми иқтисод, аз ҷумла, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ ва муаммоҳои ташаккули он» баромад намуданд.

Афзалиятҳои рушди бахши молиявӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/07/2023 - 11:11

Санаи 7-уми декабр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Аз соли 2011 то инҷониб дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия қайд карда шуда, чун ҷамъбасти солонаи дастовардҳои молиячиён ва муассисаҳои молиявӣ мансуб меёбад. 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ҲОЛАТИ МУОСИР ВА РУШДИ ҚУВВАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ СОҲАҲОИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/28/2023 - 14:07

Санаи 28 ноябри соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №71 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2023» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосир ва рушди кувваҳои истеҳсолкунандаи соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ